Барқи Тоҷикистонро Афғонистон ҳам мехарад

Дар  соли 2016 ба миқдори 1332,9 миллион кВт. соат нерӯи барқи Тоҷикистон ба кишвари Афғонистон содирот шудааст.

Дар ин бора Мирзо Исомилзода, раиси ширкати «Барқи тоҷик» вобаста ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон»  дар маврди фурӯши нерӯи барқ ба хориҷи мамлакат посух гуфт. Ба гуфтаи номбурда, фурӯши барқи кишвар ба Афғонистон дар асоси созишномаҳои басташудаи тарафайн сурат мегирад ва ин асососан дар мавсими баҳору тобистон рост меояд. Тоҷикистон 1 кВт нерӯи барқро ба  Афғонистон ба миқдори  4,52 сент мефурӯшад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *