Барқҳисобкунакҳо изофанависӣ мекунанд

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” эътироф кардааст, ки қисми зиёди қарз аз ҳаққи барқ, ки масъулини ширкат ба мардум нисбат медиҳанд, асос надорад. 

Тибқи иттилои “Барқи тоҷик” аҳолӣ ба ҳолати 1-уми июли соли равон аз барқ зиёда аз 760 миллион сомонӣ қарздор аст. Тибқи ин омор, ҳар оила дар кишвар ба ҳисоби миёна аз барқ ҳудуди 700 сомонӣ қарздор аст ва он шубҳаовар ба назар мерасад, Исмоилзода иқрор кард, ки ин ҳаҷми қарз пурра асоснок нест. Ҳудуди 700 сомонӣ қарз сари ҳар мизоҷ миёни мардум дар ҳолест, ки нозирони барқ дар ҳолати андаке таъхиркорӣ интиқоли барқро қатъ мекунанд.
Раиси “Барқи тоҷик” шарҳ дод, ки ҳисобу китоби қарзи аҳолӣ аз барқ аз солҳои пешин боқӣ мондааст: “Мо ин масъаларо баррасӣ карда, барои аз эътибор соқит кардани қисми ин қарзҳо пешниҳод кардем”.
Ҳолдонҳо мегӯянд, масъулини “Барқи тоҷик” барои кам нишон додани талафот ва барқи дуздидашуда дар ҳисобот онро ҳамчун қарзи аҳолӣ нишон додаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *