Барф дар Душанбе, гелосу зардолуро хунук зад?

Бо фарорасии баҳор ва баъд аз Наврӯз ҳама гумон доштанд,ки дигар то соли оянда барфро намебинанд.  Аммо субҳи рӯзи 5 апрел фазои  пойтахт барфолуд буд ва барфи тар дар ҷодаҳо, дар шохи дарахтони пургул ва дар рӯи себаргаю сабзаҳо нишаста,  аз он, ки ҳанӯз зимистон моро тарк накардааст, огоҳӣ дод. Бориши боронро Маркази обуҳавошиносӣ огоҳ карда буд,  аммо аз он,ки дар Душанбе барф меборад, дар ҳисоботи он чизе гуфта нашудааст. Тавре агрономҳо ва коршиносони соҳаи кишоварзӣ мегуянд, агар то пагоҳ дараҷаи ҳаво манфӣ нашавад, ба гули дарахтон осеби зиёде намерасад, вале дар ҳолати баръакс, ба ҳосили дарахтони шукуфта умед бастан нашояд. Чунин боду ҳаво солҳои пеш ҳам ба мушоҳида мерасид, вале ба хоҷагии қишлоқ зарари калоне наовардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *