Барфи аввал борид
Аз шаби гузашта инҷониб дар шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд боришоти барф идома дошта, бино ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон чунин вазъи ҳаво то 23 октябр боқӣ хоҳад монд.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ намуд, ки рӯзҳои 18-19-уми октябри соли равон дар қаламрави мамлакат ҳаво рӯ ба сардӣ меорад. Дар ин рӯзҳо бориши борон ва боди сарду сахт дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 10-12 дараҷа мерасад. Дар манотиқи баландкӯҳ барф меборад, дар навоҳии ҷудогона бӯрони шадид дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ