Барфи баҳорӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барф боридааст. Боридани барф дар ҳолест, ки аллакай имрӯз 4-уми апрел ва оғози дувумин моҳи фасли баҳор аст.

Аз боридани барф дафтари матбуотии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабар дод. Боридани барф дар ноҳияи мавриди назар дар ҳолест, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаво гарм буда, қисме аз дарахтон ғӯра бастаанд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷойгир аст. Ноҳия асосан куҳсор буда, зимистони тӯлонӣ дорад.

Боридани барф дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ҳолест, ки чанд рӯзи охир дар Тоҷикистон борони бошиддат борид. Аз сабаби боришоти зиёд сел ба роҳҳои мошингард ва заминҳои кишти сокинон зиён овард. Мутаассифона, дар ноҳияи Муъминобод аз ҳамин сабаб талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *