Барфу боди шадид фаъолияти фурудгоҳро қатъ кард

Бар асари барфу боди шадиди шаби гузашта фурудгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон пешвоз ва гусели мусофиронро муваққатан қатъ кард. Дар натиҷа даҳҳо парвози дохиливу хориҷӣ бекор ё ба таъхир гузошта шуд.

Кумитаи авиатсияи шаҳрвандии Қазоқистон ба мусофирон тавсия додааст, ки барои гирифтани маълумот дар бораи парвозҳо ба телефонҳои боварии ширкатҳои ҳавопаймоӣ занг зананд.

Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои як қатор шаҳру навоҳии Қазоқистон манъ ва барои хонандагони басти аввали мактабҳои миёнаву донишҷӯёни соли 1-2-уми донишгоҳҳои Остона таътил эълон шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *