Барфу хунук то кай?

Бино ба гузориши Агентии обу  ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. 

Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7дараҷа сард ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона  6-11   дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад Агентӣ

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, барф мебораду меғ мефарояд. Бод аз сӯ ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа  сард ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  7-12 дараҷа  хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа  хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона  ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона   ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзан ҳолатҳо барф бошиддат борида, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона  2-4 дараҷа хунук мешавад. Тавре Агентии обу ҳавошиносӣ иттилоъ дода буд, чунин ҳаво то 21 ноябр идома хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *