Баргузории ҳамоиши «Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ»

Дар шаҳри Хуҷанд Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши «Ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ» доир кард.

Дар ин ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло, масъулини сохторҳои вилоятӣ, субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва мақомоти дахлдор иштирок намуданд.

Мақсади асосии ин ҳамоиш фаҳмонидани ташкили дурусти ҷамъоварии омори сайёҳӣ ба мутахассисони соҳаи мазкур мебошад.

Тавре дар иттилоияи кумита омадааст, “айни замон дар асоси методологияи байналмилалӣ бо ҷалби коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ тадқиқоти оморӣ дар самти сайёҳӣ идома дорад. Гуфта шуд, ки мавҷуд будани маълумоти омории мукаммал барои сиёсати таъсирбахши давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, қабули қарорҳои дахлдор дар соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба минтақаҳои мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад”.

Ҳамзамон, масъулини соҳа аз ҳолати омодагии мавзеъҳо ва марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ барои қабули меҳмонону сайёҳон боздид намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *