баргузории бозиҳои миллии варзишгарони маъюб

.Раёсати Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи оғози бозиҳои параолимпӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти «Оперейшн Мерси», Кумитаи миллии параолимпӣ ва Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон иқдом намудааст, ки  нахустин Бозиҳои миллии варзишгарони маъюбро бо аробачаи маъюбӣ  баргузор намояд.
Тавре раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев хабар дод, бозиҳои параолимпӣ дар майдончаи «Боғи Пойтахт» 24 август соати 17:30 гузаронида шуда, варзишгарон аз намудҳои баскетбол, волейбол, пойга, рақс дар аробачаҳои маъюбӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Асадулло Зикрихудоев гуфт, ки мақсад аз баргузории бозиҳои миллии варзишгарони маъюб- ин нишон додани нақши воситаҳои тавонбахшӣ барои фаъол будани шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *