Баргузории Форуми байналмилалии содиротии “Бохтар фуд”
Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баргузории Форуми байналмилалии содиротии “Бохтар Фуд” дар назар аст. Форуми мазкур бо иқдоми Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида хоҳад шуд.
Улфатзода Абдураҳим, мудири бахши робита бо кишварҳои хориҷии Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки мақсади гузаронидани форум муаррифии маҳсулоти ватанӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки баргузории ин форум дар баланд бардоштани иқтидори содиротии маҳсулоти ватанӣ низ нақши созгор мегузорад.
“Форуми байналмилалии содиротии “Бохтар Фуд” соли дуввум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта дар доираи баргузории ин форум ҳашт санади ҳамкориҳо баста шуд. Имсол низ умедвориҳо аз зиёд шудани ҳамкориҳо кам нестанд”,- афзуд ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ