Баргузории Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо ОМ ва Озарбойҷон дар Душанбе
Имрӯз, душанбеи 16-уми октябр дар толори «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, баргузор мешавад. Дар Форум дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисоди кишварҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат дорад.
Тибқи барнома, ҷаласа бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз мешавад. Баъдан Маҳмуд Алӣ Юсуф, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҷибутӣ ва ҳамзамон Раиси Шӯрои вазирони Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ, суханронӣ хоҳад кард. Инчунин дар назар аст Аҳмад Абдулғайс, дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ дар ин ҳамоиш суханронӣ намояд.
Баргузории дуввумин иҷлоси Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар ҳолест, ки рӯзи гузашта дар Душанбе нишасти коршиносони аршади давлатҳои арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон сурат гирифт.
Ин нишаст таҳти раёсати Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он пешнависи санади поёнии Форум ва масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байни минтақавӣ баррасӣ шуданд. Форуми Душанбе як рӯз идома мекунад ва қарор аст дар поёни он нишасти матбуотӣ барои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ доир шавад.
Нишастӣ хабарӣ бо ширкати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва дабири кулли Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, ки раиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисоди кишварҳои арабӣ маҳсуб меёбад, баргузор хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ