Баргузории конфронси байниминтақавӣ дар Тоҷикистон

Имрӯз, 19 октябр дар шаҳри Панҷакент конфронси байниминтақавии «Рушди минтақаҳо ва таҳкими дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон» баргузор мегардад. Дар ин бора  аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, конфронси мазкур бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, олимону ҳунармандон ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат хоҳад гирифт.

Дар назар аст, ки иштирокчиёни конфронс ҳамзамон аз оромгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Маҷмааи фарҳангӣ-эҷодии ба номи Лоиқ Шералӣ, Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносӣ боздид карда, дар намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ иштирок намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *