Баргузории муколамаи якуми Женева оид ба масъалаҳои об
Дар Швейтсария нахустин муколамаи Женева оид ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерланд ва Ҷумҳурии Мисри Араб созмон дода шудааст, баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, муколамаи мазкур аз ҷониби Созмони ҷаҳонии метеорология (WMO), «СММ-Об», Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR), Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (OHCHR) ва созмони «Geneva Water Hub» дастгирӣ карда шуда, дар он роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагони сатҳи баланди созмонҳои сохтори СММ ширкат варзиданд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Ҷамшед Ҳомидов дар бахши ифтитоҳии сатҳи баланд суханронӣ намуда, ба иштирокчиён дар бораи Конфронси сатҳи баланд доир ба об, ки дар шаҳри Душанбе 6-9-уми июни соли равон баргузор гардид, маълумот дода шудааст.
Инчунин, дар доираи чорабинии мазкур семинар бахшида ба муҳокимаи масоили об ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ барпо гардидааст, ки он аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмони UNDRR ташкил карда шудааст.
— Ҳадафи асосии Муколамаи зикршуда гузоштани саҳми назарраси созмонҳо ва намояндагиҳои муқими шаҳри Женева ба Конфронси обии СММ-2023 ва инчунин, муайян ва пешниҳод намудани роҳҳои мушаххас барои суръат бахшидан ба ноил гаштан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор ва «Рӯзномаи 2030»-и СММ мебошад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ