Баргузории нахустин намоиши мӯди ҳанбок (либоси миллии кореягӣ) дар Тоҷикистон
Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (сафир Ҷон Сонг Шик) рӯзи сешанбеи 8 –уми октябри соли 2024 бо мақсади мусоидат ба ҳамкориҳои дӯстона ва табодули фарҳангии Корея ва Тоҷикистон ‘2024 Korea Festival’- ро баргузор намуд.
Дар ин чорабинӣ бештар аз 300 нафар, аз ҷумла вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон, шахсиятҳои воломақом аз тамоми табақаҳои ҷомеа, корпусҳои дипломатӣ, кореягиҳои муқимӣ ва кореягиҳои дар Тоҷикистон буда ширкат намуданд.
Ин чорабинӣ бо намоиши мусиқии анъанавии Корея, ки ҳамоҳангии анъана ва замонавиро дарбар мегирад ва намоиши мӯди ҳанбок баргузор гардида, таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро ба худ ҷалб намуд. Махсусан, дар намоиши мӯди ҳанбок навъҳои гуногуни ҳанбоки шоҳона, аз ҷумла либоси арӯсии барқароршудаи малика Бокон (1818-1832) ба намоиш гузошта шуд. Ин намоиш имкон дод, ки зебогии зарифи либоси анъанавии Корея ва усулҳои нозуки гулдӯзии он ба ҳозирин ба таври муассир муаррифӣ карда шавад.
Дар ҳоле,ки ин намоиши мӯди ҳанбок нахустин чорабинии фарҳангӣ дар Тоҷикистон асту фазои табодул ва ҳамкорӣ байни ҳарду кишварро пас аз ифтитоҳи Cафорат дар Душанбе дар соли 2021 тадриҷан густариш меёбанд ва намоиши мӯди ҳанбок дарки фарҳанги Кореяро афзоиш медиҳад ва то ин замон асосан фарҳанги Корея бо мазмуни K-Pop муаррифӣ мегардид ва ин ҷорабинӣ ҳамчун як имкони гуногуннамоии мундариҷаи фарҳангии Корея арзёбӣ мешавад.
Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда нақша дорад, ки тавассути чорабиниҳои фарҳангии кореягии гуногунмазмун ва барои дарки бештари фарҳанги Корея дар Тоҷикистон чунин чорабиниҳоро мунтазам баргузор намояд ва табодули фарҳангӣ миёни ҳарду кишварро идома диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ