Баргузории «Озмуни дастархонороӣ» дар Душанбе

Ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии «Озмуни дастархонороӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар дода афзуданд, ки дар робита ба ин қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Ба иттилои корманди шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Бахтовари Исмоил, даври ноҳиявии озмун қисман ҷамъбаст гардида, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ озмун имрӯз, 7 феврал баргузор мешавад.

«Аз ҳар як ноҳия 3 нафар ғолиби интихобгардида дар даври озмуни шаҳрӣ иштирок намуда, ғолибон бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ба ғолиби ҷойи аввал 5 ҳазор, ҷойи дуюм 3 ҳазор, ҷойи сеюм 1 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуда, иштирокдорон бо сипоснома қадрдонӣ мегарданд», — илова намуд мавсуф.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар асоси ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019- 2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, баргузор мегардад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо қарори худ раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар масъулинро ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани «Озмуни дастархонороӣ» дар даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ муваззаф намудааст.

Тавре қаблан хабар додем, ташкилкунандагони озмун Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур- эҳё ва тарғиби таомҳои миллӣ, ҳамагонӣ намудани он ва баланд бардоштани маданияти дастархонороии тоҷикон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *