Баргузории Рӯзҳои фарҳангии Полша дар Тоҷикистон

Масъалаи ҳамкории фарҳангии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Полша 19 феврал зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пётр Ивашкевич муҳокима гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд, зимни мулоқот Шамсиддин Орумбекзода дар бораи таҳкими робитаҳои фарҳангии ду давлат изҳори андеша кард.

Зикр гардид, ки ҳамкории байнифарҳангии ду мамлакат дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, дар Тоҷикистон баргузор намудани фестивали филмҳои Полша ба ҳукми анъана даромадааст.

«Пётр Ивашкевич пешниҳод намуд, ки соли ҷорӣ бо мақсади шиносоии беҳтари мардуми тоҷик бо фарҳанги Полша Рӯзҳои фарҳанги ин давлат  дар Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин замина ташкили консертҳо, намоиши филмҳо ва расмҳо ба роҳ монда шавад», — илова намуд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид рушди муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи театр ва дигар муассисаҳои санъату фарҳанг, инчунин омодасозии кадрҳо мубодилаи афкор намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *