Баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Туркманистон

Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин муаррифии санъат ва фарҳанги тоҷик аз 27 май то 2 июни соли равон дар Ҷумҳурии Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Туркманистон баргузории барномаи консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои «Тоҷикистони муосир», мӯд, либосҳои миллӣ ва филмҳои тоҷикӣ дар назар аст.

Роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода бар уҳда дошта, ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радио Ситораи Кароматулло ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомиланд.

Иштирокчиёни Рӯзҳо дар пойтахти Туркманистон- шаҳри Ашқобод ва дигар мавзеъҳои ин кишвар барномаҳои ҷолиби консертиро иборат аз сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун, инчунин сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманӣ манзури шаҳрвандони Туркманистон менамоянд.

Барномаи ҳунариро ҳамчун роҳбари бадеӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев таҳия кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *