Баргузошавии «Шоми фарҳангии Тоҷикистон» дар Маскав
Шоми 14-уми декабри соли равон дар Хонаи марказии адибони шаҳри Маскав бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорати фарҳанги Русии ва ширкати Росконсерт, “Шоми фарҳанги Тоҷикистон” баргузор шуд. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дар “Шоми фарҳанги Тоҷикистон” намояндагони вазорату идораҳо, зиёиён, васоити ахбори омма ва чеҳраҳои шинохтаи Россия, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Москва, ки ба омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд, ҳамчунин тоҷикони муқими шаҳри Москва ҳузур доштанд. Ба иттилои манбаъ, маросими фарҳангиро сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов ва муовини вазири фарҳанги Русия Сергей Обирвалин оғоз бахшиданд.
Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ ҳунарманони маъруфи тоҷик Далер Назаров ва Ноҳид Зайналпур, ҳамчунин гурӯҳи «Шамс» ҳунарнамоӣ карданд. Инчунин мусаввараҳои рассомони шинохтаи тоҷик намоиш дода шуд ва шеърҳои шоирони классикӣ ва муосири Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, қироат шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ