садама

Бархӯрди “Опел Астра” бо “КАМАЗ”. Ду нафар ҳалок шуданд

Ду нафар дар як садамаи маргбор дар роҳи Душанбе — Кӯлоб ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, ин ҳодиса соати 23:00 рӯзи 28-уми январи соли равон иттифоқ афтодааст. Мошини тамғаи “Опел Астра”-и мутаалиқ ба як шаҳрванди 30-солаи деҳаи Ҳуррияти ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор ба мошини тамғаи “КАМАЗ” бархӯрда, дар натиҷа ронанда ва мусофири 27-солаи он, сокини деҳаи Турдибобои ҷамоати деҳоти Дурбати шаҳри Ҳисор бар асари ҷароҳати сахти ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд.

Гуфта мешавад, ки ин мошин аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳоли ҳаракат буда, сабаби садама ба эҳтимоли зиёд суръати баланди ҳаракат дар ин як поси шаб будааст, ки ронанда натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд ва ба ақиби мошини боркаш бардхӯрдаву сабаби садама шудааст.

Мусофири дигари мошин, ҷавони 26-сола, ки низ сокини деҳаи Дурбат будааст, бо ҷароҳати вазнин ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат интиқол ва бистарӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *