Бархурди ду “Опел” 11 нафарро ҷабрдида кард
16-уми июли соли 2018, тахминан соати 07:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра”, Собиров Талабшо Мусофирович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Ваҳдат-Рашт-Лахш” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, ронандааш, Қосимов Маҳмадҷон Лоиқович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Файзобод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра”, Сангов Қутбиддин Ҳабибович, соли таваллудаш 1965 ва Икромов Сӯҳроб Садриддинович, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Файзобод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Худи ронанда, Собиров Т.М. ва мусофирони дигари автомашинаи мазкур Ҷабборов Қурбон, соли таваллудаш 1985 ва Каримов Хуршед, соли таваллудаш 1978, сокинони ноҳияи Файзобод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Муҳиддинов Хушмаҳмад, соли таваллудаш 1983, Азиззода Тоҷиниссо Абдулҳакимовна, соли таваллудаш 1999, Азимов Насимҷон Абдулҳакимович, соли таваллудаш 1986, Азизов Алиҷон, соли таваллудаш 1986, Асозода Меҳроҷиддин, соли таваллудаш 1994, сокинони ноҳияи Файзобод ва худи ронанда Қосимов М.Л. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ