Барканоршавии Рустам Азимов

Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири Узбакистон, ки дар гузашта чанд музокироти ҳайатҳои расмии Тошканду Душанберо низ раҳбарӣ карда буд, барои “ба кори дигар гузаштан” аз мақомаш озод шудааст. Мақоми нави ӯро расман эълон накарданд. Вебсайти маҳаллии UZ24 навиштааст, ки ҳоло ба ҷойи Рустам Азимов муовини пешини вазири молияи Узбакистон Ҷамшед Кӯчкаров таъин шуд.

Ҳафтаи гузашта Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар ҷаласаи ҳукумат кормандони бонкҳо ва идораи молияро “бекорхӯҷа” ва “порахӯр” номида, аз муовини нахуствазир Рустам Азимов интиқод кард, ки ба ин вазъ сабаб шудааст. Мирзёиев дар ин ҷаласа хитоб ба Рустам Азимов, ки масъули умури иқтисод буд, гуфт, “мо худамон бахши иқтисодро ба ин ҳол овардем. Барои чӣ мардум норизост? Барои онки кормандони молия фаъолият намекунанд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *