Барномаи стипендияи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои солҳои 2018-2019

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон озмуни кушодро барои иштирок дар барномаи стипендияи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои солҳои 2018-2019 эълон менамояд. Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо: 31 майи соли 2017.

Барномаи Ҳуберт Ҳ. Ҳамфри барои мутахассисони ҷавони тоҷик имконияти таҳсили курсҳои даҳ моҳа, рушд додани маҳорати сарварӣ ва такмили ихтисос дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фароҳам меорад. Довталабон ба барномаи мазкур дар асоси маҳорати сарварӣ ва шомил будан дар хизматрасонӣ ба ҷомеа дар бахши хусусӣ ё ҷамъятӣ интихоб карда мешаванд. Дар маҷмуъ ҳабдаҳ Донишгоҳ дар саросари Иёлоти Муттаҳида довталабони Ҳамфриро фаро мегиранд.

Бахшҳои соҳавии барнома

Рушди устувор:
• Хоҷагии қишлоқ ва рушди деҳот
• Рушди иқтисодӣ/Молия ва Бонкдорӣ
• Захираҳои табии/Сиёсати экологӣ/Тағирёбии иқлим
• Банақшагирии шаҳр ва минтақа

Созмони институтҳои демократӣ:
• Иртиботот/Рӯзноманигорӣ
• Қонун ва ҳуқуқи инсон
• Таҳлили сиёсати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ
• Сиёсати қочоқи одамон ва пешгирӣ
• Сиёсат ва идоракунии технология
• Идоракунии захираҳои инсонӣ

Маориф:
• Маъмурияти маориф, банақшагирӣ ва қонунгузорӣ
• Маъмурияти таҳсилоти олӣ
• Омӯзонидани забони Анлисӣ ҳамчун забони хориҷӣ (трейнингҳо барои омӯзгорон ё рушди барномаи таълимӣ;)

Тандурустии ҷомеа:
• Қонунгузорӣ ва идораи тандурустии ҷомеа
• Таълимот дар бораи ҷиҳатҳои манфии истифодаи маводи мухадир ва роҳҳои пешгирии он
• Қонунгузории ВНМО (ВИЧ / СПИД) ва роҳҳои пешгирии он

Талаботҳо барои довталабон:
• Дипломи донишгоҳ
• Хадди ақал 5 соли таҷрибаи корӣ
• Мавҷудияти хусусиятҳои лидерӣ
• Саҳмгузорӣ дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ
• Дониши забони Англисӣ
• Таҷрибаи зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳида надошта бошад, ё чунин таҷриба кӯтоҳмуддат бошад.

Талаботҳо:
• Довталабон бояд шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон зиндагӣ кунанд
• Довталабон бояд дорандаи дипломи маълумоти олӣ бошанд

Раванди супоридани ҳуҷҷатҳо:
Саволномаро метавонед аз ин ҷо дастрас намоед: goo.gl/kHSAkJ

Барои дарёфти маълумоти бештар нисбати ин барнома, метавонед ба Бахши робита бо ҷомеаи Сафорати Амрико дар Душанбе тавассути рақамҳои телефонӣ (+992 37) 229 23 14 ё суроғаи электронии [email protected] муроҷиат намоед.

Посольство США объявляет конкурс на стипендиальную программу Хьюберта Хамфри

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *