Бародар хоҳарро кушту хонаро оташ зад

Волидахон Наимро ба фарзандӣ қабул карда, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш намеовард, ки рӯзе ин некиаш ба сари оилааш бадбахтӣ меорад

                     Кӯрнамак

Хушдоманам Волидахон Раҳматова зани ҳушёру одамшинос бошанд ҳам, дар шинохти Наим хатои бузурге карданд. Бачаи хуб, боодоб ва дидадаро гуфта, ин ҷавони ҳафт пушташ ба мо бегонаро ба хона оварда, мехӯронданд, мепӯшонданд, ҳар рӯз ба дасташ шарақ-шарақ пул медоданд, вале бар ивази ин ҳама некиҳо ин сағераи бе оча коре кард, ки ба гуфтанаш забон намегардад. Агар танҳо пул ва зару зеварамонро медуздид, шояд ӯро мебахшидем, вале ин дузди беимон дар баробари ғоратгарӣ боз даст ба куштор зада, Рухшонаи нозанини моро, ки ҳамеша Наимро акаҷон мегуфт, аз ҷони ширинаш маҳрум намуд,-мегӯяд сокини шаҳри Конибодом Фариза Раҳматова.

Воқеан куштори Рухшона Раҳматоваи ноболиғ, ки он замон дар синфи 8-ум мехонд, яке аз печидатарин ҷиноятҳое буд, ки дар Вилояти Суғд рӯй додааст. Қотили бераҳм аз ин хонадон пулу мол ва зару зевари зиёдеро ба яғмо бурда, баъди содир намудани ҷинояти мудҳиш- куштор хонаро оташ зада буд, то ягон из боқӣ намонад, вале тавре ки мегӯянд, ягон сир дар дунё абадан пӯшида намемонад. Пас аз 10 сол ниҳоят кормандони мақомоти тафтишотӣ парда аз рӯйи ин ҷинояти мудҳиш бардоштанд ва билохира бародархонди хоҳаркушу ғоратгар ба даст афтид…

Аз ҷабри моиндар халос шуду…

Баҳодур, бародари Рухшонаи ғуррамарг бо Наим дар як синф мехонд  ва гоҳ-гоҳ аз рӯйи дилсӯзӣ ҷӯраашро ба хонаашон меовард, зеро хуб медонист, ки баъди марги модараш падари Наим зани ҷавон гирифтаасту моиндараш ӯро чашми дидан надорад. Наим тез-тез ба ҷӯрааш аз ҷабру зулми моиндар шиква мекард. Дили ин ҷавони табиатан меҳрубон ба дӯсташ сӯхт ва аз модараш Волидахон Раҳматова хоҳиш кард, ки Наим дар хонаи онҳо монад. Ҳамин як сухани Баҳодур кифоя буд, ки ин зани сарватманди некдил бачаи тамоман бегонаро ба фарзандӣ қабул намояд. Наим дар ин хонадон гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшид. Волидахон кӯшиш мекард, ки ин бачаи “бе тақдир” бемодариашро ҳис накунад ва ӯро ҳатто аз фарзандони худаш ҳам бештар эрка карда, ҳар рӯз ба дасташ пул медод, сару либоси нав ба нав мехарид. Худо накарда ангушти Наим сих занад, модархондаш дарҳол ӯро ба беморхона мебурд. Аҳли оила Наимро ҳамчун бародар қабул карда, мудом дар хизматаш буданд, аммо бар ивази он меҳру муҳаббат ва некиҳои аҳли оила ин нохалаф ба дили онҳо ханҷар зад.

                       Меҳмонии сархӯр

Фасли зимистон ва ҳаво бисёр сард буд. Ҳамон рӯзи шум мо, аҳли оила ба маъракаи сафедбандон (баъди 40 рӯзи мурда дар баъзе минтақаҳо чунин маросими азодорӣ мегузаронанд) рафтем. Ман, ки кӯдаки ширхора доштам, рафтан нахостам, аммо хоҳаршӯям ду пояшро дар як мӯза андохта “кӯдак дорам гуфта, аз қатори ҳама монда нашинед” гӯён, маҷбуран маро ҳам бурд. Мо фикр кардем, ки Наим ба кӯча баромадааст ё хонаи падараш рафтааст. Касеро як сари мӯй фикри он набуд, ки ӯ бо мақсади дуздӣ дар тори бом пинҳон шуда, пайти муносиб меҷӯяд. Рухшона, ки мактабхон буд, ҳамроҳи мо рафтан нахоста гуфт, ки беҳтараш ҳамроҳи дугонааш дарсҳояшро тайёр мекунад. Ҳамакаса аз хона баромадем. Мо ба маърака рафтему Рухшона ба хонаи дугонаи ҷониаш, ки дар ҳамсоягӣ мезист, даромад. Баробари аз хона баромадани мо Наими кӯрнамак ҳамроҳи як дӯсташ аз болои бом фаромада бо мақсади дуздӣ ба хона медароянд,-Фариза нақлашро то ин ҷо расонда, оҳи сард мекашад ва оби дидагонаш беихтиёр ба рӯяш мешорад. Ҷавонзан дигар маҷоли сухан гуфтан надорад, аммо…

             Дуздиданд, куштанд, сӯхтанд!

Ин ду ҷавони ҳарис бехабар аз он ки дарвоза боз аст ва пас аз лаҳзае соҳибхона бармегардад, тамоми тилловориҳоро гирифта, мехоҳанд фирор намоянд, вале ҳамин дам Рухшонаи ноболиғ аз дар медарояд. Бо дидани “хоҳараш” рангу рӯйи Наим якбора мепарад ва бидуни он ки чизе бигӯяд бо чӯбдаст ба сари ин духтараки бегуноҳ чунон сахт мезанад, ки бечора аз ҳуш рафта, мисли сафедори решагардоншуда гурсосзанон ба рӯйи фарш меафтад. Ин ду азроил ҳукм мебароранд, ки духтарак набояд зинда монад, чунки вай онҳоро хуб мешиносад ва баъди ба ҳуш омадан ҳатман сирру асрорашонро фош менамояд. Ба хотири аз миён бардоштани шоҳид Наими палид ва дӯсти ғоратгараш бо ҳамон чӯбдаст, ки аз дарахти тут бурида буданд, гулӯи Рухшонаи мисли гул зеборо буғӣ карда, духтараки бегуноҳро бераҳмона ба қатл мерасонанд ва бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти мудҳиши содир намудаашон хонаро оташ мезананд.

 Шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад

Аллакай ҳамон рӯзи сӯхтани хона ва марги Рухшона байни халқ миш-миш пайдо шуда буд, ки ин корро Наим кардааст, вале ӯ аз худаш мусичаи бегуноҳ тарошида, чунон нола мекард, ки гӯё дилу ҷигараш сӯхта истода бошад. Гиряҳои ин кӯрнамак танҳо ба як хотири пинҳон кардани ҷинояташ будаасту мо аз содагӣ ашки чашмони ӯро аз сӯзиши дил пиндоштем,-мегӯяд Фариза Раҳматова.

    Як ҷиноят асрори ҷинояти дигарро кушод

Ҳамин тавр аз байн 10 сол гузашта бошад ҳам, касе намедонист, ки Рухшонаи бегуноҳро кӣ бераҳмона ба қатл расонд, вале оғози соли 2017 яке аз вазнинтарин ва пурсарусадотарин ҷиноятҳои куштор дар Суғд ошкор шуда, парда аз рӯйи асрори боз чанд ҷинояти дигар бардошт. Вақте Сулҳиддин, Сайфиддин ва чанд нафар ҷинояткорони дигар, ки солҳои дароз одамкушиву ғоратгарӣ мекардаанд, боздошт шуданд. Кормандони шуъбаи шашум гумон доштанд, ки куштор ва ғорати манзили Раҳматовҳо низ кори дасти ҳамин гурӯҳи ҷиноятпеша аст, аммо Сулҳиддин ва дигар ҳаммаслаконаш иброз доштанд, ки ин кори дасти онҳо не, балки амали номардонаи Наим ва Бурҳон аст.

Боздошти ин ҷинояткорон ва шаҳодати онҳо бори дигар асоснок будани овозаҳоро тасдиқ кард.

                 Қасами қотил

Мо пайваста ба ӯ занг зада мегуфтем, ки дар Конибодом тамоми халқ гапи туро зада истодааст. Мегӯянд, ки Наим Рухшонаро кушта хонаро оташ задааст. Ин кӯрнамак бо се фарзандаш қасам хӯрда гиря мекард, ки наход бар ивази маро фарзанд хонда, нону намак доданатон ман чунин хунхорӣ кунам?! Наход Рухшонаро, ки барои ман хоҳар ҳисоб мешуд, бикушам. Наход дар хонае, ки солҳои дароз зиндагӣ доштам, даст ба дуздӣ занам…

Хушдоманам ба афсонаҳои Наим бовар карда гуфтанд, ки агар ҳақ бошӣ, як бор ба Ватан омада, бегуноҳиятро исбот кун, то гапу калочаи мардум аз байн равад, баъд метавонӣ боз ба Русия баргардӣ. Парво накун, пули омаду рафтатро ман худам медиҳам. Рӯзи 6-уми сентябр мо бо Наим телефонӣ суҳбат доштем. Гуфт, ки чипта харидааст ва пагоҳ ба Тоҷикистон меояд. Вай чунон аз худ дилпур буд,  ки гӯё гуноҳ не, ягон кори савоб карда бошад,-қисса мекунад Фариза Раҳматова.

      ….охир ба дастӣ малахак…

Хулоса, Наим санаи 7. 09. 2017 ба Тоҷикистон баргашт. Модари Рухшонаи ғӯрамарг Волида Раҳматова ҳанӯз бовар дошт, ки ин кори дасти писархондаш нест, аз ҳамин хотир Наимро болои чор қабат кӯрпача шинонда, дар наздаш дастурхон орост. Наим найрангбозиро давом дода, зор-зор гирякунон мегуфт:

-Шумо барои ман модар ҳастед, Рухшонаҷон хоҳарам буд. Ман чанд сол дар таги дасти худатон  зиндагӣ кардам, чӣ хел одам будани маро хуб медонед. Наход шумо барин одами пухтаю пуртаҷриба ба гапи мардум бовар карда, гумон дошта бошед, ки ман Рухшонаро куштаам. Наход ман ба ҳамин дараҷа нокас бошам, ки хоҳари худамро кушам? Қасам ба се фарзандам, ки дуздию ғоратгарӣ кардан он тараф истад, ман ин фикрро ҳатто ба гӯшаи хаёлам наовардаам…

Волида Раҳматова бехабар аз он ки писархондаш дар Русия низ даст ба куштор зада, Мирзои хуҷандӣ ном тоҷик ва як тоторро куштааст, ба гапҳои Наим бовар карда, сар меҷунбонд, аммо 4 нафар кормандони шуъбаи шашум аз дарвоза даромада  “Наим туӣ?” гӯён, ба дастони меҳмон завлона заданд ва ӯро кашолакунон бо худ бурданд…

         Куштор барои огоҳӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 сокини шаҳри Конибодом, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуданд,-мегӯяд сардори маркази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов,-Номбурдагон 21-уми декабри соли 2007, тахминан соати 12:00-дақиқа бо мақсади дуздӣ вориди манзили истиқоматии марди 56-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Конибодом шуда, аз сабаби бохабар шудани духтари соҳибхона ноболиғ Рухшона (соли таваллудаш 1993, он вақт хонандаи синфи 8-уми мактаби миёна) ӯро бо чӯбдаст лату кӯб намуда, сипас, бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидаанд…

Ҳоло ин ҷавони кӯрнамак ва ҳаммаслакаш дар ҳабси пешакӣ қарор доранд ва барои амалҳои ҷинояткоронаи 10 сол қабл содиркардаашон бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Баробари эълон гардидани ҳукми суди гумонбарон мо ба ин мавзӯъ баргашта, шумо, хонандагони азизи ҳафтаномаро аз фарҷоми ин қисса огоҳ хоҳем кард.

                                                                                               Фарзона Муродӣ

                                                                                        Хуҷанд-Конибодом-Хуҷанд         

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *