Бародарашро бо зоғнӯл  куштааст

Марди 52-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Номбурда, шаби 4 ба 5-уми июни соли 2024 дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш марди 56-сола ҷангу ҷангҷол намуда, бо истифода аз зоғнӯл ба сару рӯи ӯ якчанд маротиба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, феълан тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *