Бародарашро бо зоғнӯл куштааст
Марди 52-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора ВКД хабар додааст.
Номбурда, шаби 4 ба 5-уми июни соли 2024 дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш марди 56-сола ҷангу ҷангҷол намуда, бо истифода аз зоғнӯл ба сару рӯи ӯ якчанд маротиба задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, феълан тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ