Бародари вазир ва собиқ раиси ноҳияи Темурмалик даргузашт (аудио)

Эмомуддин Аслзода, собиқ раиси ноҳияи Темурмалик бар асари беморӣ дар синни 61-солагӣ даргузашт. Ӯ бародари Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Гуфта мешавад, ки Эмомуддин Аслзода номзади илмҳои техникӣ буд ва соли 2018 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Эмомуддин Аслзода то соли 2016 муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ будааст.

Моҳи декбари соли 2016 бо қарори Ҳукумати кишвар аз вазифаи муовини вазири энерегетика озод ва раиси ноҳияи Темурмалик таъин гардид. Ӯ дар ин мансаб то моҳи июли соли 2019 кор кардааст.

Аслзода Эмомиддин Муҳриддин соли 1961 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи политехникии шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *