Бародарони қаҳрамон. Ё чӣ тавр ду навраси тоҷик ҷаҳонро тасхир карданд?

Бародарон Мӯнис ва Абӯбакр Давлатовҳо, ки яке нӯҳ ва дигаре ҳашт сол доранд ва 95 нишони тиллову 20 камарбанди қаҳрамонӣ ба даст овардаанд бо истеъдоди фавқулодаи худ аз рӯи варзиши ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ дунёро ба ҳайрат овардаанд. Ин варзишгарони наврас бо вуҷуди он ки дар Федератсияи Русия зиндагӣ доранд, дар мусобиқоти варзишӣ бо парчами Тоҷикистон иштирок мекунанд.

95 медали тиллои ду бародар

Исми Абӯбакр ва Мӯнис ҳафтаи равон дар ҳоле сархати расонаҳо шуд, ки онҳо дар мусобиқаи навбатӣ, ки дар Абу-Даби баргузор шуд, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Чун маълум шуд, ки бародари калонӣ Мӯнис 59-ум нишони тиллояшро ба даст меорад, дар фазои маҷозӣ як навъ таркиш ба вуҷуд омад. Бародари хурдӣ ҳам дастовардҳои муҳим дорад ва теъдоди мукофотҳояш аз бародараш кам нест.

Дар умум, ин ду бародар 95 нишони тилло ва 20 камарбанд доранд, ки дар синну соли эшон чунин дастовардро касе такрор накардааст.

Ба хотири фарзандон молу мулкашро фурӯхт

Барои ҷодаи варзишро пеша кардани бародарон нақши падарашон муҳим аст. Авазхӯҷа Каримов падари ин наврасон, худ низ варзишгар аст, 7 сол тамрин карда, орзу дошт футболбози касбӣ шавад, вале ба орзуяш нарасид. Албатта омилҳои зиёде ба ин сабаб шуд. Бинобар ин, ӯ талош кард, фарзандонаш дар ҷодаи варзиш муваффақ шаванд. 

Вақте Авазхӯҷа писаронашро ба варзиши ҷиу-ҷитсуи бразилиягӣ медиҳад, дарк мекунад, ки дар Тоҷикистон имкони тамрин камтар аст, бинобар ин, тамоми молу мулкашро фурӯхта, бо аҳли оила ба Русия кӯч мебандад.

Дар Русия Мӯнису Абӯбакр, ки яке 5 ва дигаре 4 сол доштанд, аввал дар назди падар баъдан дар назди мураббии ҳирфаи тамрин карда, ба майдони разм мебароянд. 

Авазхӯҷа дар суҳбат бо Halva.tj аз ғалабаҳои нахустини Мӯнису Абӯбакр ёдовар шуда, гуфт: “Вақте бори аввал ба мусобиқаи байналмиллалии шаҳри Абу – Даби рафтем, аксарият бо чашми ҳайрат ва ҳатто назарногирона менигаристанд. Чун ин навъи варзиш ҳанӯз маъмулӣ набуд, шояд ҳайрон мешуданд, ки дар Тоҷикистон чӣ хел рушд кардааст. Хушбахтона, мо нишони тиллоии мусобиқаро соҳиб шудем”.

Ҳамин тавр, Мӯнису Абӯбакр пайиҳам дар мусобиқаҳо ширкат карда ғолибият ба даст меоварданд.

Ташвиши волидайн

Мӯнису Абӯбакр дар сабқатҳои шаҳриву вилоятӣ ва федератсиявии Русия низ пайваста ширкат меварзидаанд ва ҳамеша ғолиби мутлақ дар вазни худ мешудаанд. Вале ин дастовардҳои бародарон боиси нигаронии волидайни варзишгарони дигар шуд.  “Вақте Мӯнису Абӯбакр дар тамоми Русия ҳамеша ғалаба мекарданд, волидони кӯдакони дигар шикоят кардаанд, ки бародарон дигар дар ин вазн иштирок накунанд. Онҳо далел овардаанд, ки чанд соли охир фарзандонашон наметавонанд нишони тиллоӣ ба даст оранд ва аз варзиш даст кашида истодаанд” – гуфт, падар дар суҳбат ба Halva.tj.

Меҳри бародар

Мӯнис ва Абӯбакр дар баробари он ки дар як намуди варзиш тамрин мекунанд бо ҳам муносибати нек доранд. Далели ин, як гузашти Абӯбакр ба бародари бузургаш аст.

Дар мусобиқаҳои ахире, ки дар Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд Абӯбакрро ба муқобили Мӯнис ба майдон медароранд ва ӯ ба акааш худро мағлуб мекунад ва дасти ӯро боло мебардорад.

“Ман нахостам, ки ғалабаҳои акаам кам шаванд. Ба хотири эҳтиром ба ӯ мағлуб шудам”, – гуфтааст Абӯбакр.

Рекорди бародарон

Бародари калонӣ Мӯнис Давлатов баъд аз оне, ки варзишгари бразилиягиро, ки пештар ҳаждаҳ мусобиқаи бебохт дошт ва дар ҷаҳон беҳтарин буд, мағлуб кард, феълан дар вазни худ ягона аст.  Ӯ панҷоҳ мусобиқаи бебохт дорад ва дар ҷаҳон беназир унвон мешавад. Бародари хурдӣ Абӯбакр Давлатов бошад, чилу се мусобиқаро бебохт анҷом додааст.

Дастоварди ин ду бародар ба он сабаб шуд, ки Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонии ҷиу – ҷитсу ба мақоми аввал барояд.

Хизмати дигари ин бародарон дар он аст, ки бо талоши эшон дар камарбанди қаҳрамонӣ парчами Тоҷикистон ҷой дода шуд. 

“Вақте ғалабаҳои Мӯнис ба сию панҷ расид мо ба Федератсияи байналмиллалии ҷиу — ҷитсу шарт гузоштем, ки парчами Тоҷикистонро низ ба камарбанд ҷой диҳанд, вагарна аз ишитироки минбаъда дар мусобиқаҳо даст мекашем. Ин арзи моро пазируфтанд ва ҳоло дар камарбандҳои ғолибон парчами мо низ ҷой дорад” – мегӯяд, Авазхӯҷа дар суҳбат.

Дар клуби Расул Боқиев

Феълан, Мӯнис ва Абӯбакр дар Федератсия Русия таҳсил ва тамрин мекунанд. Як сол аст, ки онҳоро падар ба клуби варзишии ҷаҳонпаҳлавони тоҷик, дорандаи нишонҳои биринҷии бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев овардааст. Феълан бародарон таҳти роҳнамоии ӯ ба мусобиқаҳои Аврупоӣ ва Осиёии баҳори соли 2022 омодагӣ мебинанд.

О.СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *