Бародарзодаи шоир: Озарахш ба ҳуш омад

Наздикони Озарахш, шоири саршиноси Тоҷикистон аз беҳбуди нисбии вазъи ҷисмонии вай хабар додаанд.

 Фараҳманд Каримов, бародарзодаи Озарахш гуфтааст, пас аз чанд рӯзи беҳушӣ ӯ чашмони худро боз кард, ки ин ҳолат сабаби хушҳолии наздикон гардидааст, хабар медиҳад «Парс тудей».

Ба иттилои манбаъ, Озарахш ба ҳуш омадааст, аммо то ҳол ба дастгоҳи танаффуси маснӯӣ васл мебошад. 

Қаблан масъули раёсати идораи тандурустии вилояти Суғд бо таъйиди карантин шудани ду шоири саршиноси Тоҷикистон, гирифтории онҳо ба маризии коронавирусро рад карда буд.

Қаблан Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд гуфт, ки Озарахш дар беморхона табобат мегирад, шоира Фарзона машғули нигоҳубини шавҳар аст.

«Озарахш, аз ҳисоби каме шамолхурӣ, ба илтиҳоби роҳи болоии нафас гирифтор шуда, аз ин ҳолат тасф кардаанд. Ҳоло барои муолиҷаи он дар беморхона қарор доранд. Саломатии Фарзона хуб аст ва танҳо барои нигоҳубини шавҳарашон ба беморхона омадаанд», — таъкид намуд, М. Ҳоҷибоев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *