Барои ҳамкориҳои осорхонаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шартнома ба имзо расид
Дар доираи сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода ва директори Осорхона-мамнуъгоҳи муҷтамаи давлатии таърихию меъморӣ ва санъати Самарқанд Самариддин Мустафоқулов шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Бино ба иттилои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ба имзо расидани шартномаи мазкур имкон медиҳад, то ҳамкориҳои осорхонаҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкориҳои илмӣ ва иштирок дар чорабиниҳои гуногунсатҳ ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам тавсеа ёбанд.
Гуфта мешавад, ки Осорхона-мамнуъгоҳи муҷтамаи давлатии таърихию меъморӣ ва санъати Самарқанд соли 1874 таъсис ёфта, 8 осорхона, 6 ёдгории таърихӣ ва 4 зиёратгоҳро дар бар мегирад. Фонди осорхонаи мазкур беш аз 210 000 экспонат дорад.
— Ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ин осорхона махсусан дар самти илм шароит фароҳам менамояд, ки аз дастовардҳои илмии осорхонаҳои ҳамдигар истифода намуда, дар рушди самтҳои дигари фаъолияти осорхонаҳо саҳми назаррас гузошта шавад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ