БАРОИ ДӮСТ ҶОНАТРО ФИДО КУН…

Маҳкамбой, дӯсти азиз! Медонем, ки талоши ин умри барбодрафта барои касоне, ки хештанро шинохтаанд, чӣ заҳматҳое дорад.

Ва дар ин гиру мадорҳои зиндагӣ ҳамеша бо моянд. Ва ҳамчунин хуб дарёфтаем, ки бе дӯсти ҷонӣ зистани кас қадру қиммате надоштааст. Ва дар зиндагӣ доштани як чунин дӯсте басанда хоҳад буд, ки ту бо ӯ бинозиву бифахрӣ. Ва мо дар ин зидагии кӯтоҳи хеш дарёфтем, ки бе Шумо наметавон буд. Ва аҳд бастем ба худ, ки ҳамеша дар хизмати чунинҳо бояд буд. Зеро доштани чунин дӯсте мисли Шумо барои кас дороии ҷаҳон аст.

Вақте ки дилатон аз касеву чизе мемонад, шумо пеши дӯст мешитобед, то бо ӯ дарди хешро қисмат кунед. Ҳамеша барои он мекӯшед, ки розатону нозатонро бо ҳам бубинед. Ҳамзамон бо ифтихори бузург мегӯям, ки чун Шумо агар ҳар хонадони тоҷикистонӣ аз дили бузургу дасти кушоду муҳаббати беканораву диди васеву фаросати гирову лутфи латифу самимияту меҳрубониву покитинатиатон боре чунин хислату сахову караматонро эҳсос карда бошанд, бовар бар он дорем, ки хоки поятон тутиё мешавад.

Ва амминам, ки банда дар ин раванд танҳо наям ва ҳазорони дигаре метавонанд ин гуфтаи бандаро тақвият бахшанд. Чун Шумо ва эҳсосоти Шумо болост, мо барои худ ҳич ихтиёреро даст намегирем, то тавони худро бароятон собит созем, ки ҳамеша дар хидмати Шумо бошем! Ва ин баҳор, ки дорад оғоз мегирад, аз шукуфтанҳову чаҳ-чаҳи булбулон ва аз назокату малоҳату рустанҳои босамар ва он қадар дар тӯли торих роҳҳоеро тай кардаву ба замони мо низ нозил шудаву нумуъ кардааст, ки наметавон аз вай дил ба як бор барканд. Шояд ҳамин паҳлуи фалсафии ҳаёти инсон бошад, ки ин омаду рафтҳои мо дар ин дунё бесамар набошад.

Ва Шумои азиз хушбахтарин инсонед, ки дар оилаи зиёда аз 10-нафара умр ба сар мебареду аз самараву баракати он баҳрабардоред!!! Ва мо дар ин роҳи равон бар асари он ҳама ҳақталошиҳоямон бар онем, ки чун Шумо бояд зисту зидагӣ аз сар гирифт. Ва ин ҳама дар давоми як солу ду сол ба даст намеояд. Ва умрҳо бояд, то Шумо шуду шумогуна зиндагӣ оғозиду рафтори наҷибу пурназокатеро аз Шумои меҳрубону дардошно биомӯхт!!!

Ва мо дорем бо ин ҳама вуҷуди саропо эҳтиромбаргузида бар Шумо қоим бошем ва дар раванди зиндагии бемурувват ҳамеша ҳамқадаму ҳамзамони Шумо бошем. Бо Шумо будан бароямон як ҷаҳон меҳру вафову адабу калому паёме медиҳад, то мои хом пухта гардем. Дар раванди зиндагии пурмоҷаро, ки моро чун заҳрпечак печонидаву дорад кам-кам фишурда, дарду доғамонро ба ҳам омезиш дода, синаҳоро моломоли дард мекунад, даст ба даргоҳи он Холиқи Ҳақ бардошта, мегӯем, ки моро аз ҳамагуна офатҳо нигаҳ дор!!!

Ва дар тӯли зиёда 20 соле, ки дорем ба ҳам аз рӯи садоқату меҳру вафо риштаҳои дӯстиро танидаем, бароямон бародар гаштаеду такягоҳе дар зиндагӣ. Ва бо тамоми ҳастӣ даст ба дуои онем, ки ҳамеша тансиҳату пирӯзу хушнуду сарфарозу дардошнову некном бимонед. Шумо аз қабили ҳамон дӯстонед, ки метавон Шуморо БАРОДАР хонд.

БАРОДАРИ ба ҷону дил баробарамон Маҳкамбой, зодрӯзатон муборак бод!

Саидмухтор БОҚИЗОДА,

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *