Шиноснома

Барои гирифтани шиносномаи нав чӣ лозим? Посухи ВКД (аудио)

Дар Тоҷикистон аз нав бақайдгирии симкортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 то 15 феврали соли 2023 муайян гардидааст.

Дар ин росто, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки таъҷилан барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд. Онҳое, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, бояд бо шиносномаи намунаи нав дубора аз қайд гузаранд.

Гуфта мешавад, ки барои ивази шиносномаи шаҳрванди  Тоҷикистон ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин:

-Шиносномаи намунаи соли 1996;

— Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

— Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ);

-Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ИМА бо асъори миллӣ

-Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот;

-Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ);

-Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х 4,5 мм.

Иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд.

Бино ба иттилои ширкатҳои алоқаи мобилӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаи соли 2014 (ID корт) зиёда аз 6,1 миллион симкорт ба қайд гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *