Барои хариди орд 1 моҳ дар навбат меистанд
Дар фурӯшгоҳҳои давлатии вилояти Марии Туркманистон аз муштариён талаб мешавад, ки барои хариди орд як моҳ пеш навбат бигиранд.
«Дар фурӯшгоҳҳои давлатии Марӣ мушкили норасоии орд идома дорад. Баъзан муштариён барои харидории орд занозанӣ мекунанд, зеро барои ҳама намерасад. Фурӯшандаҳо ба муштариён мегӯянд, ки агар номашон дар рӯйхат нест, пас бояд дар рӯйхати моҳи оянда навбат бигиранд» — мегӯянд сокинон.
Гуфта мешавад, орди истеҳсоли маҳаллиро, ки дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ пайдо кардан хеле мушкил аст, дар фурӯшгоҳҳои хусусӣ ва бозорҳо бо нархи 5-6 баробар гарон мефурӯшанд.
Дар фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон 1 кило орд 1 манат ва дар бозору фурӯшгоҳҳои хусусӣ 5-6 манат (1,5 доллар бо қурби расмӣ) аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ