Барои камбизоатони Тоҷикистон $6 миллион ҷудо шуд

Барои  оилаҳои камбизоати Тоҷикистон 6 миллион доллар ҳамчун кумаки якдафъаина ҷудо шуд.

Дар ин бора Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш дар вазорат, ки ба муаррифии барномаи  давлатии расонидани Кумакҳои унвонии  иҷтимоӣ то соли 2030 бахшида шуда буд, хабар додааст.

Ӯ гуфт, маблағи умумӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун кӯмак барои ниёзмандон ҷудо шуда, ҳаҷми умумии он 6 млн доллар ё беш аз 60 млн сомонӣ аст.

Ба иттилои «Азия плюс» муовини вазир афзуд, ин кумак ба камбизоатоне дода мешавад, ки дар оила 3 кӯдаки ноболиғ, 2 маъюб ва ё як пиронсоли аз 65-сола боло доранд.

“Яъне он ба ҳамаи оилаҳои камбизоат, ки ҳоло беш аз 230 ҳазорро ташкил медиҳад, дода намешавад. Танҳо ба қисми осебпазир, ки ба се категорияи мавҷуда ҷавобгӯянд, дода мешавад”, — гуфт Шодихон Ҷамшед.

Нафароне, ки соли гузашта бо қарори Ҳукумати кишвар 600 сомонӣ кумакпулии якдафъаина гирифтанд, наметавонанд кумаки навбатиро гиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *