Барои муҳоҷирати бехатар чиро донистан зарур аст?
Муҳоҷирати меҳнатӣ ва хатарҳои он
Муҳоҷирати меҳнатӣ падидаи мусбат буда, имконият медиҳад, ки муҳоҷирон дар кишварҳои дигар кори муносиб ёфта, шароити зисту зиндагии худро беҳтар созанд, аммо паст бадани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва беэҳтиётӣ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ метавонад сабаби пайдоиши як қатор мушкилиҳо гардад.
Хатарҳои асосии муҳоҷират инҳоянд:
- Афтодан ба доми фиреб ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳо
- Афтодан ба ғуломии меҳнатӣ
- Афтодан ба ғуломии шаҳвонӣ
- Фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро.
- Пурра ё қисман гирифта натавонистани ҳаққи меҳнати худ
- Гирифтор шудан ба зӯроварии равонӣ ё ҷисмонӣ
- Зӯран гирифтани ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ва маҳдуд кардани озодии муҳоҷир аз ҷониби корфармоён ё шахсони дигар.
1
Омодагӣ ба муҳоҷират
аз чӣ сар мешавад?
Барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар муҳоҷир бояд пешакӣ тайёрии пухта дида, баъдан ба сафар барояд. Барои ин:
- Корро аз оилаи худ сар кунед. Бом ё девори хонаатон ниёз ба таъмир дошта бошад, онро таъмир кунед.
- Кӯшиш кунед, ки хӯрду хӯроки аҳли хонаводаатонро ақаллан барои ду-се моҳ захира карда, баъд ба сафар равед.
- Хароҷотҳои сафаратонро ҳисоб кунед ва бо худ маблағи муайян бигиред, то дар мулки бегона имконияти пардохти иҷорапулӣ, тахт кардани ҳуҷҷатҳо ва харидани маводи ғизоиро дошта бошед.
- Нияти ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед ва ин сафари аввалини шумо набошад, фаҳмед, ки оё вурудатон ба Русия манъ карда нашудааст. Барои фаҳмидани он ки ихроҷ, яъне “депортатсия ” шудаед ё не, ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кунед. Шумо метавонед ин маълумотро инчунин аз шӯъбаҳои минтақавии макони зистатон бигиред.
Хадамоти Муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи зерин ҷойгир шудааст: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121.
Почтаи электронӣ: [email protected]
тел/факс: +992-37-225-05-71, 225-05-72. 225-07-19
2
Муҳоҷир бояд чиро донад?
Барои пешгирии хатарҳои муҳоҷират муҳоҷирон бояд бидонанд:
- Ба пешниҳодҳои ёру дӯстон ва дигар ашхоси шиносу ношинос дар бораи ёфтани кори сердаромад дар хориҷи кишвар бовар накарда, то кадом андоза асоснок будани кори ба шумо пешниҳод шударо тариқи интернет санҷед, яъне дақиқ намоед, ки оё дар асл чунин корхона вуҷуд дорад ё не, музди меҳнат ва шароити кориаш чӣ гуна аст.
- Ба шахсони тасодуфие, ки ба шумо дар кишварҳои хориҷӣ кори осону пули калон ваъда медиҳанд ва ҳатто омодаанд, ки пули чиптаи ҳавопаймо ва дигар хароҷотҳои сафарро пардохт намоянд, бовар накунед, зеро аксаран чунин афроди ҷиноятпеша бо хариду фурӯши одамон машғул буда, бо ваъдаҳои бардурӯғ муҳоҷирони меҳнатиро ба дом меафкананд ва қарзи калонеро ба гарданашон бор карда, ҳамчун ғуломи меҳнатӣ ё шаҳвонӣ истифода мебаранд.
- Роҳи аз ҳама хуб ва бехатари пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар муроҷиат намудан ба идораҳо ва ташкилоту созмонҳои расмие мебошад, ки бо масоили муҳоҷират машғуланд. Барои пайдо кардани кор дар хориҷи кишвар шумо метавонед ба ин ташкилотҳо муроҷиат намоед:
- Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
- Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108. Тел: 221-39-92,
- ш. Хоруғ: 502-08-48-28.
- ш. Бохтар: 900-04-00-87,
- ш. Хуҷанд: 929-76-63-63,
- trudvsem.ru –Кор дар Русия. Базаи умумирусиягии ҷойҳои кории Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
4. Вақте ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравед, ақаллан дар ҳадди гуфтугӯ донистани забони кишваре, ки сафар карданиед, ҳатмист. Барои баланд бардоштани савияи забондониатон ба курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ дохил шуда, дониши худро баланд бардоред.
5. Донистани ҳуқуқҳои худ шуморо аз бисёр мушкилиҳо дар муҳоҷират наҷот медиҳад. Аз ин рӯ ҳатман қонуну қоидаҳои муҳоҷиратии кишвари қабулкунандаро омӯзед ва риоя намоед. . Барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ шумо метавонед аз сомонаҳои зерин истифода баред:
- infomuhojir.tj- сомонаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ
- гувм.мвд.рф–сомонаи расмии управленияи марказии Хадамоти муҳоҷирати РФ
- «МигрАзия+»–замимаи мобилӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаи онҳо-шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъ (Android)
3
Ихтисос ва малакаи касбӣ
Барои пайдо кардани кори хуб муҳоҷир бояд касб ё ҳунари муайян дошта бошад. Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон курсҳои махсуси касбомӯзӣ кушода шудааст, ки калонсолон метавонанд муроҷиат намоянд.
Шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаниянд, имкон доранд, дар муддати кӯтоҳ касбу ҳунарҳои замонавиро дар ин курсҳо омӯзанд ва соҳиби диплом ва сертификат гарданд.
Телефонҳои маркази омӯзиши касбу ҳунар барои калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ:
(+992 37) 236—19-05, (+992 37) 235-18-70
Почтаи электронӣ: [email protected] www.kasb.tj
4
Имтиҳонро дар Тоҷикистон
супурдан беҳтар ё дар Русия?
Муҳоҷироне, ки дар Русия бо фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан мехоҳанд, бояд аз забону адабиёти рус, таърихи Русия ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ имтиҳон супоранд. Имтиҳонҳои мазкурро шумо метавонед дар худи Федератсияи Русия ё дар филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳои Русия дар Тоҷикистон супоред. Супурдани имтиҳон дар Тоҷикистон арзонтар ва осонтар аст.Барои супурдани имтиҳонҳо шумо метавонед ба ин суроғаҳо намоед:
- Филиали МГУ дар Тоҷикистон: ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар, 35/1
- Маълумоти бештар: https://msu.tj/ru/lctabout
- Телефон: +992 – 907-71-19-18
- Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия: ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 30, ҳуҷраи 310
- Телефон 446-20-42-17 Гулнора Чуракуловна
5
Кадом ҳуҷҷатҳо барои муҳоҷир заруранд?
Шумо ба муҳоҷират пурра омода шуда, ба сафар кардан тайёред?
Пас ҳуҷҷатҳои зеринро ҷамъоварӣ намоед:
- Шиносномаи хориҷӣ бигиред.
- Корти муҳоҷиратӣ. Ба Русия ё Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафта бошед, ин кортро ба шумо дар дохили тайёра медиҳанд. Дар корти муҳоҷиратӣ ҳатман мақсади сафаратонро “работа”-кор қайд кунед ва онро ҳамеша бо худ нигоҳ доред.
- Ба хориҷи дур, масалан ба Аврупо ё Туркия сафар карданӣ бошед, аз корфармо талаб намоед, ки бароятон даъватномаи корӣ ва нусхаи шартномаи меҳнатиро равон кунад,чунки бидуни ин ду ҳуҷҷат раводид-Визаи корӣ дода намешавад.
- Ба хориҷи дур рафтанӣ бошед, ҳатман Раводид-Виза бигиред. Барои гирифтани раводид шумо бояд ба сафорат ё консулгарии кишваре, ки сафар карданиед, муроҷиат намоед. Раводид танҳо дар асоси нусхаи аслии шартномаи меҳнатӣ ва даъватномаи корӣ, ки аз ҷониби кишвари қабулкунанда фиристода шудааст, баъди гузаштан аз сӯҳбат (собиседование) дар муддати ду ҳафта дода мешавад.
6
Пас аз расидан ба макон
- Тамоми ҳуҷҷатҳоятонро нусхабардорӣ карда, нусхаҳоро бо худ нигоҳ доред.
- Кӯшиш намоед, ки ҳарчи зудтар худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоред. Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд дар муддати 15 рӯз баъди ворид шудан ба қаламрави Федератсияи Россия худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузоранд. Шумо метавонед дар хонаи иҷора, хобгоҳ ё макони коратон худро дар кайд гузоред.
- Барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ патент бигиред.
- Кӯшиш кунед, ки кори муносиб ёбед ва ҳатман бо корфармо шартномаи меҳнатӣ бандед.
- Урфу одати мардуми маҳаллиро эҳтиром намоед ва хушмуомила бошед.
7
Кадом идораҳо ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ҳимоя мекунанд?
Дар сурати поймол гаштани ҳуқуқҳоятон аз ҷониби корфармо, пурра ё қисман нагирифтани музди меҳнати худ , дучор гаштан ба фишор ё таъқиб ва мушкилоти дигар шумо метавонед ба ин идораҳо муроҷиат намоед:
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия: тел:+7(495) 9679844 аз 9.00 то 18.00
- ш. Москва. тел: +7(926) 462-62-01, +7 (903) 597-12-13,
- ш. Санкт-Петербург. тел: +7( 964) 373-75-01
- ш. Новосибиркс. тел: +7 (965) 358-61-61
- ш. Уфа. тел: +7 (915) 488-32-23
- ш. Хабаровск, тел: +7(909) 809-55-48
- Маркази муқовимат ба савдои одамон дар назди ВКД-и ҶТ
Тамос: 227-07-07, 980-10-55-55
- Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Суроға: 123001,ш. Москва,гузаргоҳи Гранатный, 13
Тел: 8(495) 690-41-86
Web: www.tajembassy.ru
- онлайнинспекция. РФ Портали Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои қабули муроҷиатҳои электронӣ дар боби кор ва муҳофизати ҳуқуқҳои кормандон .
- Агар ба ҷони шумо хатаре таҳдид намояд ё шоҳиди ҷинояти вазнине гашта бошед, фавран ба рақамҳои зерин дар Федератсияи Русия занг занед: 112 ва 102
- Агар корманди пулис бе асос шуморо боздошт карданӣ шавад, метавонед ба телефони боварии Прокуратура ё Вазорати корҳои дохилии Русия занг занед:
«Горячая линия» ВКД ФР: 8 (800) 500-27-29
ш. Маскав,Вилояти Маскав: 8 (499) 653-60-72
подробнее тдж: https://oila.tj/news/baroi-muoirati-bekhatar-chiro-donistan-zarur-ast
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ