Барои ҳоҷиҳою сайёҳон хироҷ ҷорӣ шуд
Ҳамакнун шаҳрвандоне, ки сафари Ҳаҷҷ доранд ва сайёҳони хориҷии ба Тоҷикистон воридшуда бояд хироҷ пардохт кунанд.
Ҳамакнун шаҳрвандоне, ки сафари Ҳаҷҷ доранд ва сайёҳони хориҷии ба Тоҷикистон воридшуда бояд хироҷ пардохт кунанд.
Бар асоси тағйироту иловаҳое, ки имрӯз, 26 апрел дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба Қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ворид шуд, ҳар нафар барои сафари Ҳаҷҷи фарзӣ ва умра бояд ба миқдори 500 сомонӣ ё 50 доллари амрикоӣ ба Кумитаи дин хироҷ пардохт кунад.
Ҳамчунин, ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон муваззаф шуданд, ки аз ҳар сайёҳи хориҷӣ барои хизматрасонӣ тавассути инфрасохтори сайёҳӣ, назири меҳмонхона, истироҳатгоҳ ё санаторияҳо ба миқдори 10 сомонӣ ё 1 доллар хироҷ ситонанд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зарурати ҷорӣ кардани чунин хироҷро барои рушди сайёҳӣ дар кишвар марбут хонд.
Тибқи маълумоти расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 145 ширкати сайёҳӣ фаъолият карда ва дар соли гузашта ба кишвар 1 миллиону 155 сайёҳи хориҷӣ ворид шудааст. Ин рақам нисбат ба нишондоди соли 2017 дар ин замина 2,5 баробар бештар будааст.
Ба гуфтаи Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, ки масъулияти сафари Ҳаҷҷро ба ӯҳда дорад, интизор меравад дар соли ҷорӣ аз кишвар аз 6 то 7 ҳазор нафар ба сафари Ҳаҷҷи фарзӣ раванд.
Ҳамчунин, дар соли гузашта 1873 сокини Тоҷикистон фароизи Ҳаҷҷи умраро ба ҷо овардаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи дини Тоҷикистон, нархи имсолаи Ҳаҷҷ барои ҳар нафар беш аз 35 ҳазор сомонӣ ё 3700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз ашхосе, ки то имзои тағйирот ба Қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”аз ҷониби Президент ва ба мавриди иҷро даромадани он пули сафари Ҳаҷҷи фарзии имсоларо пардохт кардаанд,хироҷ ситонда намешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ