Барои пешгирӣ ва табобати бемории сил тадбир андешида мешавад

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода вобаста ба тақвияти муҳити дастгирӣ ва васеъ намудани тадбирҳои пешгирӣ ва табобат ҷиҳати кам кардани сарбории ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҷаласаи мазкур вазъи бемориҳои ВНМО ва сил мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, инчунин доир ба тақвияти муҳити дастгирӣ ва васеъ намудани тадбирҳои пешгирӣ ва табобат ҷиҳати кам кардани сарбории ВНМО ва бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод карда шудааст.

— Зикр намудан бамаврид аст, ки то имрӯз дар кишвар 3 барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар амал тадбиқ шудаанд. Ҳамзамон, айни ҳол аз рӯи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ идома дорад,- меафзояд манбаъ.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *