Барои расидан ба дарди мардум Ҳотами Той будан лозим нест
Имрӯз бисёр кишварҳои ҷаҳон мисли он аст, ки дар сари пули сирот қарор доранд. Пули сирот эътиботи халқ аст. Бо сари баланд гузаштан аз он уфуқҳои тозаро барои ҳар кишвар боз мекунад. Пандемия “Covid 19” Тоҷикистонро ҳам дар ҳамин ҳолат қарор дод.
Бисёр кишварҳои ҷаҳон, ки вазъи иқтисодиашон хуб аст, захираҳои фаровон барои рӯзи мабодо доранд, имконоти фаровонро барои шаҳрвандонашон муҳайё карданд, карантин эълон намуданд ва роҳҳои боз ҳам сабуктар кардани рӯзгори шаҳрвандонашонро ҷустуҷӯ доранд. Аммо Тоҷикистон бо кишварҳое чун Амрико, Англия, Олмон, Ҷопон, Чин, Сингапур… сар ба сар шуда наметавонад. Сар ба сар шудан шарт ҳам нест. Зеро ҳар кас ба андозаи кӯрпааш пой дароз мекунад.
Ривояти Ҳотами Тойро ба хотир оред. Ӯ ба хонаи марде меҳмон мешавад, ки барояш шутур мекушад. Ҳотами Той бар ивазаш корвони шутуру молу зару зевар мефиристад. Ба ӯ мегӯянд: “Ин мард наздат ҳамагӣ як шутур кушт, ту бошӣ ба ин миқдор молу амвол мефиристӣ. Чаро?” Дар ҷавоб Ҳотам мегӯяд: “Ман аз моли дунё он чӣ дорам, андакеро ҳам сарф накардам. Аммо дороии ин мард ҳамагӣ як шутур буд ва онро ҳам пеши пои ман кушт”.
Албатта, Тоҷикистон имконоти пой ба пойи давлатҳои зикршуда наметавонад гузорад. Аммо метавонад сабукӣ ба рӯзгори шаҳрвандонаш ворид созад. Воҳимаи коронавирус бадтар аз худи коронавирус аст. Мардум баробари пайдо шудани таб ё сурфа худро саркану покан ба дари дорухонаҳо мезананд, соате навбат мепоянд ва бо илтиҷо ба доруфурӯш рӯй меоранд:
— Доруи зидди вирус, зидди илтиҳоби шуш бидеҳ.
— Чӣ ном дорад?
-Цефтриаксон
— Нест.
-Азитромицин
-Нест.
-Амифурин
-Нест
— Кадом доруи зидди вирус доред?
— Надорам.
— Витамини цинк.
— Надорам.
— Надорӣ, биёр! – фарёд мекашанд одамон.
Ин манзараи маъмулиест, ки дар ҳама дӯконҳои доруфурӯшӣ мебинед…
Ин ҷо аммо, вале, лекинҳои зиёд ҳаст.
Дар суҳбат дӯкондорон мегӯянд, ки имконияти овардан надоранд, агар оварданӣ ҳам шаванд, андозҳои доруворӣ баланд аст. Аз чанд ҷиҳат хатар пеши сар аст.
Пас чӣ мешавад, ки як муддат дорувориро Ҳукумат аз тамоми андозҳо озод кунад. На танҳо озод кунад, балки ба бизнесменҳо барои ворид сохтан ёрӣ расонад. Бигзор онҳо монополист ҳам бошанд!
Мисли Ҳотами Той фикр намекунам, ки хазинаи давлат аз ин коҳиш меёбад. Аммо мардуми камбағал аз азоб озод мешавад, имкон пайдо мекунад, ки доруро бо нархи арзон харидорӣ кунаду ҷигарбандонашро аз марг наҷот диҳад. Ҳатто дар беморхонаҳо дору нест, духтурон аз наздикони бемор хоҳиш мекунанд, ки ин ё он доруро барои беморашон аз дорухона биёранд. Ин талх аст, ширин аст, ҳақиқат аст. Шояд ин садо ба гӯши гапшунаве расад!
Дуруст аст, ки имконоти иқтисодии Тоҷикистон маҳдуд аст. Вале роҳҳои дигари кумак кардан ба мардум вуҷуд дорад. Масалан, беморхонаҳои шахсӣ. Онҳо ҳам имрӯз дар қатори беморхонаҳои давлатӣ бо марг даст ба гиребон ҳастанд. Як шиносамро, ки таби баланд дошт, ба Беморхонаи ба номи Ибни Сино бурдам. Аввал тарсидам, ки коронавирус гуфта қабул намекунанд. Аммо бо манзарае рӯ ба рӯ шудам, ки ашки чашмонам рехт. Аз зери ниқоби сафеду айнакҳо чашмону чеҳраи хаста дидам. Миёни онҳо чашмам ба чашми соҳибмулки бемористон низ расид. Нақл карданд, ки соҳибмулк ҳама духтурон ва кормандони дигари тиббиро ҷамъ оварда пурсидааст:
— Кӣ бо ман?
Ҳама ҳайрон шудаанд ва изҳор кардаанд, ки манзуратонро нафаҳмидем.
— Сокинони шаҳри Душанбе ҳоло аз ҳаррӯза бештар муҳтоҷи хизматрасонии бемористони мо ҳастанд. Мо бояд аз ҳарвақта зиёдтар бо дарду ғами мардум шарик бошем. Аз ҳамин рӯз ба баъд ман 24 соат бо шумо ҳастам, хона намеравам. Кӣ бо ман?
Ҳама бо як овоз гуфтаанд:
— Мо бо шумоем.
Соҳибмулк, ки аз ин садоқати кормандон ба ҳаяҷон омада гуфтааст:
-Дурусттараш ман бо шумо!
Аз ҳамон рӯз инҷониб ҳеҷ кадоме аз духтурони ин бемористон, чун бемористонҳои дигар, ки мубталоёни илтиҳоби шуш қабул мекунанд, ба хонаҳояшон нарафтаанд.
Онҳо ҳама қаҳрамонони даврони мо ҳастанд.
Н.РАҶАБ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ