Барои» се талоқ» се сол ҷазо ?
Як гурӯҳ аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳеро омода кардаанд, ки бино бар он барои талоқ тавассути телефон ё паёмак (СМС) аз 3 то 5 соли зиндон пешниҳод шудааст.
Дар Тоҷикистон талоқ тавассути СМС расман манъ нест, вале рӯҳониён борҳо аз сокинон хостаанд, ин корро накунанд.
Тарҳро баъди он омода карданд, ки мизони ҷудошавӣ, аз ҷумла талоқ тавассути паёмак, афзудааст. Ба иттилои Кумитаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси Намояндагон, соли гузашта дар кишвар 12 ҳазору 500 мавриди талоқ сабт шудааст. Ин рақам ду сол пеш ба 10 ҳазор маврид баробар буд.Мухолифон мегӯянд, тарҳи қонун роҳро барои суистифода боз мекунад. Вале ҳамсуҳбати мо дар порлумон гуфт, «қонун танҳо онҳоеро ҳадаф қарор медиҳад, ки бе далелу бе шоҳид тавассути телефон ё СМС талоқ додаанд. Ҷонибдорони ин иқдом манъи талоқи телефониро барои ҳимоят аз занон зарур мешуморанд. Ҳанӯз 9 сол пеш Кумитаи дини Тоҷикистон гуфта буд, Шӯрои уламо дар мавриди «талоқҳои телефонӣ» фатво содир хоҳад кард. Ҳарчанд чунин фатво нест, Шӯрои уламо чанд дафъа аз сокинон хостааст, ин корро накунанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, моҳи июли соли гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, «ҳангоме шахс зани худро аз наздик мебинад, шояд қарораш дигар мешавад. Зеро эҳсоси самимият ба вуҷуд меояд. Мо дархост намудем, ки ҳангоми дар хориҷ будани яке аз ҳамсарон, оилаҳо аз ҳам ҷудо нашаванд.»
Ба иттилои Маркази исломии Тоҷикистон,ҳар сол тақрибан 100 ҷуфт ба рӯҳониён муроҷиат мекунанд, то ба ҳолатҳои ҷудошавии онҳо тариқи смс ё паёмак расидагӣ кунанд. Дар бахши пурсишу посухи сомонаи Шӯрои уламо низ даҳҳо нафар дар бораи ҷудошавӣ тавассути телефон ва имкони дубора ба ҳам омадани ҳамсарон машварат пурсидаанд. Аксари онҳо мегӯянд, ки муҳоҷиранд ва дар Русия ҳастанд.. Дар Тоҷикистон се талоқи исломӣ қувваи қонунӣ надорад ва муносибатҳои оилавиро идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба расмият медарорад ва ҷудошавии оилаҳо дар додгоҳ сурат мегирад. Аммо аксари аҳолии кишвар худро пайрави ислом медонанд ва ҳукми талоқ дар ҷомеа побарҷост.
Дар гузашта баъзе аз кишварҳо барои се талоқи исломӣ ҷазо таъин карда буданд. Соли гузашта порлумони Ҳиндустон ба тарафдорӣ аз манъи се талоқи исломӣ овоз дод ва онро ба ҷиноят баробар кард ва дар ин кишвар шахси сеталоқдодаро се соли зиндон таҳдид мекунад.( мухтасар аз «озодӣ”)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ