Барои сохтмони хона дар се маҳаллаи Хуҷанд иҷозат нест
Минбаъд барои бунёди биноҳои баландошёна дар се маҳаллаи шаҳри Хуҷанд — 18, 19 ва 20 иҷоза дода намешавад. Дар ин бора Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
«Дар маҳаллаҳои мазкур барои бунёди биноҳои баландошёна дигар ҷой нест»,- гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.
Қаблан сокинони ин маҳаллаҳо шикоят карда буданд, ки ширкатҳои сохтмонӣ дар майдончаҳои кӯдакона низ бинои баландошёна месозанд. Ҳамчунин, зимни ин нишасти матбуотӣ раис иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли равон, баъди санҷиши сифати сохтмонҳо, корҳои сохтмонии се бинои истиқоматӣ бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботҳои сохтмон боздошта шудааст.
Бо зикри “як ваҷаб замин барои сохтмон ҷудо намешавад”, раиси шаҳри Хуҷанд маҳаллаҳоеро, ки бунёди бино манъ мешавад, номбар кард.
Қаблан сокинони чанд маҳаллаи сераҳолии шаҳри Хуҷанд шикоят карда буданд, ки дар майдончаҳои кӯдакона низ биноҳои баландошёна месозанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ