“Барои таҳсил омадаед ё хондани намоз ?». Баҳси ҷойи намоз дар Сургут
Дар Сургут моҷарои наве дар робита ба тақозоҳои мазҳабии донишҷӯёни хориҷӣ сар задааст. Сабаби баҳс аз он иборат аст, ки донишҷӯён талаб доранд, ки дар дохили донишгоҳ барои адои намоз ҷойи махсус ҷудо карда шавад. Гуфта мешавад, ки миёни эътирозгарон донишҷӯёни тоҷикистонӣ низ ҳастанд.
Дар ин бора сомонаи Avia.pro хабар медиҳад. Манбаъ менависад, ки маъмурияти донишгоҳ додани утоқи намоз ба донишҷӯёни мусалмонро ба таври қатъӣ рад кардааст.
Аз рӯи гуфтаи донишҷӯён, теъдоди зиёди донишомӯзон аз кишварҳои гуногуни мусалмон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд ва ниёз ба ҷои орому мувофиқ барои адои намозро доранд. Онҳо мегӯянд, ки набудани чунин шароит ба ҳуқуқҳои онҳо ҳамчун шахсони диндор таъсир мерасонад.
Дар ин ҳол ректори донишгоҳ, бар ин назар аст, ки ҷудо кардани ҷой барои адои намоз дар муассисаи таълимӣ метавонад ба фаъолияти асосии донишгоҳ халал расонад. Ӯ зикр намудааст, ки донишгоҳ бояд аз вазифаи таълимии худ дур нашавад ва барои ҳамаи донишҷӯён фазои бетарафу баробарро таъмин намояд.
Ин баҳс боиси эътирози донишҷӯён гардида, дар натиҷа як гурӯҳи донишҷӯён ба низоъ бархостаанд ва аз роҳбарияти донишгоҳ даъват карданд, ки масъала дар муҳити дӯстона ҳал карда шавад. Ҳоло, донишгоҳ ва донишҷӯён кӯшиш доранд, ки бо роҳи муколама ва машварат роҳҳали мувофиқ пайдо намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ