Баромади олими тоҷик дар ҳамоиши Канадаву Австрия

Олими шинохтаи тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова дар нишасти байналмилии занон-кайҳоншиносон иштирок кард.  Ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ дар шаҳри Монреали Канада доир гардид. Ҳамчунин, кайҳоншиноси шинохта Гулчеҳра Қоҳирова дар Анҷумани ҷаҳонии кайҳонӣ, ки дар дар шаҳри Венаи Австрия баргузор шуд, ширкат варзидааст.  

Гулчеҳра Қоҳирова навовар аст ва пайваста кашфиёти назарраси астрономии худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд. Ӯ доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Институти астрофизикаи АМИТ мебошад.

Гулчеҳра Қоҳирова иброз намуд, ки мақсади сафар ба шаҳри Монреали Канада ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ва коршиноси эътирофшуда иштирок дар нишасти занон-коршиносони кайҳоншинос таҳти унвони «Таҳкими иқтидор ҷиҳати пешбурд ва дастёбӣ ба баробарии гендерӣ дар соҳаи кайҳоншиносӣ» буд, ки он аз ҷониби Кумитаи фаъолияти кайҳонии Созмони Милали Муттаҳид (UNOOSA) ва Оҷонсии кайҳонии Канада ташкил ва амалӣ гардид.

Дар нишаст зиёда аз 34 давлати ҷаҳон иштирок намуда, дар он масъалаҳои муҳим оид ба таҳкими иқтидор ҷиҳати пешбурд ва дастёбӣ ба баробарии гендерӣ дар соҳаи кайҳоншиносӣ баррасӣ гардиданд.

Зимни нишаст Гулчеҳра Қоҳирова дар мавзӯи «Ҳамкории байналмилалии занони олим ҳамчун шарти ҳатмии баробарии гендерӣ дар тадқиқоти кайҳон-Омӯзиши мисоли Тоҷикистон»  доир ба сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва таҳкими саҳми занон дар ҷомеаи мамлакат, риояи баробарии гендерӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи илму маърифат сухан гуфтааст.

Ҳамзамон аз 11 то 15 декабр дар шаҳри Венаи Австрия Гулчеҳра Қоҳирова ҳамчун коршиноси соҳаи кайҳон ва намояндаи Тоҷикистон дар Анҷумани ҷаҳонии кайҳонӣ «Фазои кайҳонӣ барои ояндаи муштарак» иштирок намуд. Дар кори анҷуман масъалаҳои муҳим барои тамоми башарият оид ба ояндаи идоракунии фаъолияти кайҳонӣ- истифодаи баробари дастовардҳои технологияҳои кайҳонӣ барои рушди устувори ҷамъият баррасӣ гардиданд.

Дар кори нишаст коршиносони зиёда аз 80 давлати ҷаҳон иштирок намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *