Баррасаи нахустин парвандаи зидди ҳиҷоб
Додгоҳи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд 5 феврал баррасии шикояти падари як донишомӯзи литсейи Академияи исломии Ӯзбекистонро зидди раҳбарияти таълимгоҳ оғоз кард, ки бо рӯймоли мазҳабӣ омадан ба дарсро манъ намудааст.
Ба гуфтаи Абдувоҳид Яъқубов, падари донишомӯзи 17-солаи литсей, ки худ ҳуқуқшинос аст, додгоҳи Шайхонтоҳур баррасии шикояти ӯро ба рӯзи 7 феврал мавқуф гузошт. Яъқубов мегӯяд, пас аз эътирози ӯ додраси парванда иваз карда шудааст.
«Духтари ман ноболиғ аст ва бинобар ин, хостам, аз ҳуқуқҳои ӯ худам ҳимоят кунам. Ба додгоҳ шикоят бурда, бекор кардани қарори дохилии таълимгоҳро талаб кардам, ки омадани донишомӯзонро ба дарс бо рӯймоли исломӣ манъ мекунад. Зеро ин хилофи Конститутсия ва санадҳои байналмилалиест, ки ҳукумати Ӯзбекистон онҳоро имзо кардааст», — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Аз аввали соли хониш дасти кам чаҳор донишомӯзи Академияи байналмилалии исломии Тошканд барои ба дарсҳо наомадан ихроҷ шудаанд.
Яке аз ин донишҷӯён Луиза Муминҷоноваи 19-сола 5 феврал гуфт, ба далели манъи пӯшидани рӯймоли исломӣ натавонист таҳсилашро идома диҳад. «Ба ман гуфтанд, ки таҳсил ё рӯймолро интихоб кун ва ман рӯймолро интихоб карданд», — афзуд Луиза.
Як ёвари ректори Академияи исломии Тошканд тасдиқ кард, ки бо рӯймоли исломӣ ё ҳиҷоб омадан ба дарсҳо манъ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар деворҳои академия кодекси либоси донишомӯзон возеҳ навишта шудааст ва дар баробари ҳиҷобу рӯймоли исломӣ пӯшидани ҷинсу доманҳои кутоҳ барои духтарон манъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ