Баррасии афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни Тоҷикистону Ҷопон
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Сафири Фавқулодlа ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тосихиро Аикӣ мулоқот намуд, ки дар он масъалаҳои афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии ду кишвар баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо такмил ва бозомӯзии кормандони Хадамоти гумрук, лоиҳаи Созишнома оид ба ташрифи волонтёрони Ҷопон ба Тоҷикистонро матраҳ намудаанд.
Зимни мулоқот гуфта шудааст, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни мақомоти гумруки кишварҳои дӯсти мо дар асоси санадҳои ҳуқуқии бисёрҷонибаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат ва Созмони ҷаҳонии гумрук бунёд ёфтааст.
Ҳамчунин, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи фаъолияти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), ки аз моҳи августи соли 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст, ибрози андеша намуда, зикр доштааст, ки ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар соҳаи маориф аз соли 1993 ба таври муназзам рушд намуда, дар ин муддат зиёда аз 29 нафар намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон малакаи касбии худро дар курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисоси кишвари Ҷопон баланд бардоштаанд.
Қайд гардидааст, ки дар доираи лоиҳаи «Рушди ҳамкориҳои фаромарзӣ тавассути идоракунии самараноки сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон», бо саҳми Ҳукумати кишвари Ҷопон гузаргоҳи сарҳадии “Лангар” бомуваффақият ба истифода дода шуд. Инчунин, таҷдиди гузаргоҳҳои мавҷуда тавассути сохтани модулҳои иловагии назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ (дар гузаргоҳҳои «Тем», «Рӯзвай» ва «Ишкошим») бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ва зарурӣ таъмин карда шудааст.
— Ҳоло бошад, марҳилаи дуввуми сохтмони гузаргоҳи нави “Кокул” дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба маблағи 1 миллиону 600 ҳазор доллар идома дорад,- меафзояд манбаъ.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ