Баррасии лоиҳаи ҳамкори миёни Тоҷикистон ва Эрон
16-умин комиссияи муштараки ҳамкориҳои Эрон ва Тоҷикистон бо нишасти коршиноси ду кишвар дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи густариши равобити иқтисодӣ ва рафъи монеъаҳои тиҷорати байн ду кишвар баргузор шуд.
Дар ҷаласа баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Эрон, ки соли 2024 дар Теҳрон ба нақша гирифта шудааст ва тақвияти ҳамкории Кумитаи муштараки сармоягузорӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавофуқоти ин комиссия аз сӯи Алиакбари Меҳробиён, вазири неруи Эрон ба унвони раиси эронии комиссияи иқтисодии муштараки Эрон ва Тоҷикистон ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон, ба унвони раиси тоҷикистонии комиссия имзо шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ