Баррасии масъалаи касбомӯзии шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳитдинов Эркин Мадорбекович масъалаи касбомӯзии шаҳрвандон ва такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии системаи вазорат дар моносентрҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот инчунин мушовири пешбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Расулов Садулло ширкат варзидааст.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба самтҳои фаъолият ва корҳои анҷомдодашуда дар доираи санадҳои соҳавии баимзорасида мубодилаи афкор намуда, аз раванди ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Ҷониби Ӯзбекистон ҷиҳати вусъат баҳшидани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои муносибатҳои меҳнатӣ, инспексияи меҳнат, шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат, гузариш ба рақамикунонии хизматрасониҳо дар самти меҳнат ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон, гузаронидани тадқиқот дар самти муҳоҷират бо мақсади роҳандозии лоиҳаи минтақавӣ бо дастгирии шарикони рушд, инчунин баргузор намудани тренингҳои муштараки минтақавӣ изҳор омодагӣ намудааст.

— Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода густариши ҳамкориҳоро доир ба масъалаҳои матраҳгардида ҷонибдорӣ намуда, қайд кард, ки сафари мазкур барои сохторҳои дахлдори тарафҳо ҷиҳати мушаххас баррасӣ намудани пешниҳодҳои болозикр имконият фароҳам оварда, натиҷаи он дар ҷаласаи навбатии гуруҳи кории муштарак дар доираи ҳамин сафар ниҳоӣ хоҳад шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *