Баррасии масоили сарфаву сариштакорӣ дар ҷаласаи Шарифзода
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ҷаласа баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ҷаласаи васеи раиси шаҳр бо иштироки масъулини дахлдор масоили вобаста ба танзими расму оини миллӣ, вазъ ва ҳолати маъракаҳои гузаронидашуда дар соли 2021 мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шудаанд.
Мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳр Муҳсин Миркамолов дар ин самт пурра маълумот дода, аз ҷумла афзудааст, ки тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаҳр соли 2021-ум 1329 адад маърака ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 маъракаҳои гузаронидашуда 201 адад зиёд мебошанд. Хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ 6 млн 146 ҳазору 900 сомониро ташкил додааст.
Тавре гуфта мешавад, дар 22 маҳаллаҳои шаҳр, дар корхонаву муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр буда, новобаста аз шакли моликияташон, ки зиёда аз 30 нафар корманд кору фаъолият менамоянд, комиссияи ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст. То ин муддат миқдори чунин комиссияҳои ҷамъиятӣ 210 ададро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ