Баррасии мушкилоти чароғҳои рӯшноии варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и Хуҷанд
Дирӯз, 7-уми июн мулоқоти кории роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи миллӣ бо раиси вилояти Суғд баргузор гардид.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрӣ ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори генералии ЛФТ Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд аст, иштирок кардаанд.
— Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда баргузор гардида, дар он масъалаҳои рушди футболи кӯдакону наврасон, ҷалби бонувон ба футбол ва оммавигардонии ин риштаи варзиш дар вилоят баррасӣ шуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадҳода иброз дошт, ки рушди футбол дар минтақа яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти вилоят ба ҳисоб рафта, пайваста барои фароҳам овардани шароити зарурӣ чораҳои муассир андешида мешавад,- меафзояд манбаъ.
Ҳамзамон, зикр гардидааст, ки дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон чаҳор даста аз вилояти Суғд дар Лигаи олӣ (Хуҷанд, Эсхата, Истаравшан, Равшан Зафаробод) ва як дастаи дигар бошад, дар Лигаи якум (Гулистон) баромад мекунанд. Ҷонибҳо дар ин маврид масъалаҳои инфрасохторию маъмурӣ, молиявию кадрии дастаҳоро баррасӣ намуда, фикру андешаҳои худро роҷеъ ба баланд бардоштани иқтидори дастаҳо баён намудаанд. Инчунин, мушкилоти чароғҳои рӯшноии варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и Хуҷанд қайд гардидааст, ки масъулин дар ҳалли зудтарини ин масъала боварӣ ҳосил намудаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ кардааст, ки барои дастгирии дастаҳои вилоят дар Лигаҳои олӣ ва якум ҳамеша омода аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ