Баррасии роҳҳои рушди тиҷорат дар нишасти бонувони соҳибкор
Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон” оид ба рушди соҳибкорӣ ва бизнес-муҳит бо татбиқи лоиҳаи «Бизнес-акселератор барои занон, духтарон ва ҷавонон” нишаст баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар нишаст дар баробари бонувони ҳунарманд ва тоҷир, ҳамчунин занҳои соҳибкор аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат намуданд.
— Байни Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон” ва Ассостсиатсияи «Тадбиркор аёл»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мубодилаи таҷриба ва афкор сурат гирифт. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки тиҷоратӣ азм хоҳанд намуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ