Барселона аз ҷоиза маҳрум гашт
Бо сабаби авҷи коронавирус дар Испания Суперҷоми Каталония-2020 доир нахоҳад шуд, ки дастаи каталонии «Барселона” муддаии асоси барои даст овардани ин ҷом ба ҳисоб мерафт. Дар ин бора тв Вазиш хабар медиҳад.
Бино ба гузориши манбаъ рақобат барои ба даст овардани Суперҷом мебоист байни дастаҳои “Барселона” ва “Эспанйол” баргузор мегардид. Федератсияи футболи Каталония эълон намуд, ки дар мавсими 2019-20 бинобар вазъи нооромии минтақа мусобиқоти Суперҷом доир намешавад. Ин мусобиқа аз соли 2014 инҷониб доир мегардид. “Барселона” ду маротиба ва Эспанйолу Жирона як борӣ соҳиби ин ҷоиза гаштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ