“Барселона” ғолиби марҳилаи якуми Ла Лига
“Барселона” дар доираи бозии даври 19-уми чемпионати Испания бар муқобили “Эйбар” рақобат карда, бо ҳисоби 3-0 ғалаба намуд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Камп Ноу” сурат гирифт. Дар дақиқаи 19-уми бозӣ мизбонон бо голи Луис Суарес ба пеш баромаданд.
Баъд аз танаффус дар дақиқаи 53-юм бартарии мизбононро Лионел Месси дучанд кард. Голи мазкур барои сарвони “нилунориҳо” 400-умин гол дар Ла Лига маҳсуб ёфта, ӯ ягона бозигарест, ки ба ин гуна дастовард ноил гардидааст.
Голи сеюми бозӣ аз ҷониби Луис Суарес зада шуд. Ҳамлагари уругвайии “Барселона” бо 2 голи дар ин дидор ба ҳадаф расонидааш, дар пойгаи нишонзанҳои чемпионат ба ҷойи 2-юм баромад.
Ҳамин тавр, “Барселона” марҳилаи аввали чемпионатро бо касби 43 имтиёз чун садрнишини ҷадвал ҷамъбаст кард. Тибқи маълумотҳои оморӣ аз 13 маротибае, ки каталониҳо марҳилаи аввали чемпионатро бо пешсафӣ ҷамъбаст кардаанд, 11 дафъа дар анҷом унвони қаҳрамони насибашон шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ